Нашъаҷаллобон 14-солӣ маҳкум шуданд
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрвандон –сардори дидбонгоҳи сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, лейтенант Наҷибулло Носиров ва Диловар Даматов, прапоршики ҳамин дидбонгоҳ таҳти раисии судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, подполковники адлия Исмоил Мирмахсумов ба анҷом расид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, суди ҳарбии гарнизони Хатлон Д. Даматов ва Н. Носировро барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200 қисми 4 банди «д», яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани миқдори махсусан калон, ки аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир гардида буданд, гунаҳкор донист ва нисбат ба Д. Даматов ва Н. Носиров ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 14-солӣ, бо мусодираи молу мулк, бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт ҷазо таъин намуд. Даматов ва Носиров 31 январи соли равон барои нигаҳдорӣ ва интиқоли миқдори махсусан калони моддаи нашъадори навъи ҳашиш аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД дастгир шуда буданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






