Нашри китоби Баҳор дар «Бухоро»
Душанбе, 26 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китоби адиби эронӣ Маликушшуаро Баҳор «Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ»-ро нашриёти «Бухоро»-и Душанбе аз чоп баровард. Китоби мазкур бо иқдоми Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ҳимояти Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Душанбе нашр шудааст. Донишмандони тоҷик Шарифмуроди Исрофилниё ва Н. Саркоров онро аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ баргардонидаанд . Қодири Рустам ва Мубашшир Акбарзод муҳаррирони китоб маҳсуб мешаванд. Дар китоби «Сабкшиносӣ» таърихи насри форсӣ аз ибтидо то қарни 20 бар мабнои шинохту таснифи сабк ва равишҳои услуби таълиф мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар он нахуст роҷеъ ба мафҳуми сабк, сухан меравад. Инчунин доир ба таърихи забонҳои эронӣ, сайри таърихии рушду такомули онҳо, қадимтарин осори адабию мазҳабии мансуб ба ин забонҳо батафсил маълумот дода шудааст. Қисмати дигари китоб ба таҳқиқи насри давраи исломӣ ихтисос ёфтааст. Маликушшуаро Баҳор аз пурмаҳсултарин адибон ва адабиётшиносони муосири Эрон буда, дар радифи таъсиси рӯзномаю маҷалла дар арсаи назму наср осори пурарзиш таълиф намудааст. Муҳаққиқон ӯро ба унвони яке аз вопасин чеҳраҳои барҷастаи адаби классики форсӣ дар қаламрави шеъру таҳқиқ ном бурдаанд . Маликушшуаро Баҳор аз шоирони суннатгарост. Дар тамоми навъҳои шеъри классикӣ шеър гуфтааст, ки осори манзумаш 36 000 байтро ташкил медиҳад. Китоби «Сабкшиносӣ» барои доираи васеи хонандагон, алалхусус донишҷӯён ва муҳаққиқони бахши суханшиносӣ муфид аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






