Нашри маҷалла дар бораи вазъи нашъамандӣ дар ҶТ

Апрель 5, 2012 14:32

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Маҷаллаи навбатии хулоса дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи соли 2011 аз чоп баромад, ки онро Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии молиявии Бюрои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба чоп тайёр кардааст. Тавре аз Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими муаррифии хулоса, ки 4 апрел дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузор гардид, директори Агентӣ Рустам Назаров ва роҳбари раёсати ҳарбию сиёсии САҲА дар Тоҷикистон Алестер Ливингстон ҳозир буданд.Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз хулосаи ҳарсола додани маълумоти муфассалу асоснок дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. «Маҷалла ба ҳамаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон, мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ, ҳамчунин ба сафоратҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма фиристода мешавад», — қайд намуд манбаъ.

Апрель 5, 2012 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад