Нозирони барқ ноӯҳдабароянд
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо сабаби ноӯҳдабароии нозирони шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки мебоист маблағи 56 млн. кВт/соат нерӯи барқи ба корхонаю аҳолии минтақаи Қӯрғонтеппа додашударо дар ҳаҷми 5 млн.сомонӣ ҷамъоварӣ менамуданд, прокурор ва суди шаҳр низ ба ҳамкорӣ даъват шуданд. Бино ба гуфти ҳуқуқшиноси шабакаи барқи шаҳри Қӯрғонтеппа ДавронҶалилов, корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла корхонаҳои нону қаннодӣ дар семоҳаи аввали соли 2012 ҳар кадом аз 10 то 70 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи барқро ба шӯъбаи фурӯши барқи шаҳр напардохтааст. Аз аввали сол то имрӯз аз ҷониби кормандони масъули шабакаи барқи шаҳрӣ беш аз 47 мавод барои напардохтани 207 ҳазору 646 сомонӣ маблағи барқи истифодашуда ба прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол карда шудааст. Аз маблағи қарзи пардохтнашудаи барқ бо қарори суд 124 ҳазору 587 сомонӣ рӯёнида шуд. Дар айни замон аз маблағи барқи истифодашуда,ки 5 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 3 млн. 700 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 2 млн. 200 ҳазори онро маблағи аз аҳолӣ ҷамъоваришуда ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






