Оқибати обхезӣ ва фуромадани тарма
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тайи шабонарӯзҳои гузашта бар асари омадани сел, фуромадани тармаю ярч дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Варзоб, Тоҷикобод, Ишкошим ва шаҳри Қӯрғонтеппа 10 ҳодисаи фавқулодда рух дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд. Мувофиқи маълумоти таъҷилӣ, бар асари рух додани ҳолатҳои фавқулодда 15 хонаи истиқоматӣ, 2 бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва якчанд кӯпрук пурра ва қисман хароб гардида, киштзорҳо зери об мондаанд.Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва алҳол ҳамаи сокинони биноҳои харобгардида муваққатан ба ҷойҳои бехатар бурда шуданд.Аз ҷумла, як рӯз пештар бар асари дар канори дарёи Зиддӣ фуромадани тарма дар 62 километрии роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд кӯли сунъӣ ба миён омада, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарё 10 хона зери об монд.Гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, оқибати обхезиро бартараф намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






