Ободонӣ дар филиали Донишгоҳи Технологӣ
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи Давлатии Технологии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар мебароянд. Алмосшо Шоев, сардори маркази илм, инноватсия ва таҳсилоти байналхалқии Донишгоҳи технологӣ доир ба ин мавзӯъ гуфт, ки бо ёрии устодон ва донишҷӯён дар 4 га замин чун замини таҷрибавӣ барои ихтисоси технологияи истеҳсоли коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ беҳтарин ниҳолҳои мевадиҳанда, навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ парвариш меёбанд. Дар баробари шинонидани гулу дарахтон донишҷӯён ҳамзамон ба нарм кардани бехи дарахтон ва қитъаҳои замини назди донишгоҳ машғуланд. Ба гуфти масъулин то имрӯз дар ҳамаи заминҳои дар тавозуни донишгоҳ буда, инчунин дар майдони 2 га замин беш аз 400 — бех ниҳоли зардолу ва ангур шинонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






