Оддитарин муқаррарот бояд риоя шавад
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давраҳои охир, кормандони шӯъбаҳои шиносномадиҳии шаҳру навоҳии кишвар аз он шикоят мекунанд, ки шаҳрвандон муқаррароти қонунро дар бораи сари вақт гирифтани шиноснома ва иваз намудани сураташонро дар он риоя намекунанд.Дар асоси қонуни шаҳрвандӣ ашхосе, ки ба синни 16 расидаанд ба гирифтани шиноснома ҳуқуқ пайдо мекунанд ва онро дар синни 25 -40 солагӣ бо расмҳои ба ин синну солашон мувофиқ ҳуқуки аз нав иваз кардан доранд.Бино ба гуфти сардори шӯъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе полковники милитсияҶ. Юнусов, як қисми муайяни ҷавонон танҳо баъди пеш омадани муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар, барои гирифтани шиноснома муроҷиат мекунанд, ки он боиси ҷаримабандии онҳо дар таъхири гирифтани шиноснома мегардад.Ба иттилои манбаъ, дар се моҳи аввали соли 2012 беш аз 100 нафар шаҳрванд барои сари вақт нагирифтани шиноснома ва иваз накардани сурат ҷарима карда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






