«Одина» коргоҳи заргарӣ месозад
Душанбе, 18 апрел.(АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ коргоҳи заршӯии «Одина» бо мақсади ташкил ва сохтмони коргоҳи заргарӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. То ин давра лоиҳаи сохтмони якчанд бинои заргарӣ ва мактаб-интернатҳо амалӣ гардиданд. Ҳамчунин корхонаи мазкур дар шаҳраки Шугнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон лоиҳаи сохтмони бинои мактаб –интернат барои 320 нафар ва лоиҳаи сохтмони коргоҳи нонпазиро барои 10 нафар амалӣ хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки баробари ба анҷом расидани таҳкурсии бинои мазкур ба корҳои сохтмонӣ иловатан боз 60 нафар бинокор ба кор ҷалб мешаванд, ки ин барои дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, бахусус минтақаҳои дурдаст бо кор таъмин гардидани аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






