Офати табиӣ дар Мӯъминобод
Кӯлоб, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Нимаи дуюми рӯзи 21 – уми апрел дар натиҷаи боридани борон ва омадани сел ба хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Мӯъминобод хисороти ҷиддӣ расид. Дар натиҷа деҳаҳои Ҳанатарош, Душанбе, Файзобод, Деҳибаланд ва Рисқидара зарари ҷиддӣ дида, як нафар зан- Мошариф Каримова, сокини деҳаи Ҳанатарош ба ҳалокат расид. Инчунин 173 иншооти ёрирасону хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ, 86 га замини кишоварзӣ, 14 га замини обчакорӣ, 8 га замини боғ, 65 сар чорвои шохдори калон ва моли майда, 15 км роҳи байни деҳаҳо, 800 м нуқтаи оби нӯшокӣ, 5 адад кӯпруки калон ва хурд, 2 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми сел фурӯ рафт. Ба гуфти пиронсолон, ин ҳодиса ғайричашмдошт буда, дар 70 соли сипаригардида бори аввал ба мушоҳида мерасад. Наҷмиддин Раҳматов, раиси ҷамоати деҳоти Деҳибаланд гуфт, ки ситоди ҳолати фавқулодда аҳолии деҳаҳоро аз омадани сел огоҳонида буд. Ба сокинони аз офати табиӣ зарардида аз ҷониби раиси ноҳия Пирмад Зарипов маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ва дигар маҳсулоти ғизоӣ расонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






