«Олим Текстайлз» ба бозорҳои Туркия роҳ меҷӯяд
Душанбе, 19 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Се корхонаи нассоҷӣ аз шимоли Тоҷикистон –«Олим Текстайлз», «Хима Текстайлз» ва «Неку Хуҷанд» бори нахуст дар 9-умин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул, ки аз 21 то 24 апрел доир мегардад, иштирок менамоянд. Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда аз бузургтарин намоишгоҳи соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад. Саидмӯъмин Камолов, роҳбари дафтари МБТ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати Тоҷикистонро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он аст. Боздидкунандагони ин намоишгоҳ имкон доранд, то бо пешниҳодҳои тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ шинос шаванд ва беҳтаринҳояшро интихоб кунанд”. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ 400 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоранд. Ин намоишгоҳ ҳамчунин мизбони беш аз 25 000 боздидкунанда тақрибан аз 50 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. 9-умин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо Текспо Авруосиё-2012 – намоишгоҳи 29-уми таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ баргузор мегардад. Дар Истанбул нахи пахта, чарму пӯст, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъҳо, риштаҳо ва ғайра ба намоиш гузошта мешаванд. Саидмӯъмин Камолов афзуд, ки намоишгоҳ имконияти дарёфти ҳамкорон ва муштариёни нав дар бозори байналмилалиро барои корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон бештар мегардонад. Ӯ мегӯяд: “иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки саввумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиатҳои беназир хоҳанд ёфт”.Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои навро ба яке аз бозорҳои муҳимтарини нассоҷии минтақа- ҳам барои корхонаҳое, ки аллакай дар ин бозор ҳузур доранд ва ҳам барои корхонаҳое, ки барои роҳ ёфтан ба ин бозор талош доранд, боз мекунад. Шаҳло Обидҷонова, менеҷери ширкати «Олим Текстайлз» мегӯяд: “боварӣ дорам, ки намоишгоҳ барои мо хеле ҳам муфид хоҳад буд. Сарфи назар аз он ки аксарияти мо зуд-зуд ба Истанбул сафарҳои корӣ анҷом медиҳем, ба андешаи ман, дар намоишгоҳи мазкур мо метавонем ҳамкорони нав пайдо намоем”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






