Омӯзиши Паёми Президент миёни судяҳо

Апрель 27, 2012 16:52

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Шўрои адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Шӯрои адлия раисон, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва судяҳои коромӯз баргузор гардид, ки дар он «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012» мавриди омӯзиш қарор гирифта, оид ба омӯзиши нуктаҳои он баромаду музокираҳо доир гардид,- иттилоъ доданд аз маркази матбуот ва иттилооти Шӯрои адлия ба мухбири АМИТ «Ховар».  Тавре, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ таъкид намуд, баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд, давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд. Раиси Шўрои адлия З.Азизов дар баромади худ ба таври махсус зикр кард, ки мақомоти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати иҷрои талаботи Паём оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, ки дар он такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳа ва дигар тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, инчунин дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи донишу тахассуси онҳо ва бо ин васила қабули қарорҳои қонуниву асоснок зимни баррасии парвандаҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти судӣ, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияташонро пайваста тақвият бахшиданд. Ҳамаи ин тадбирҳои пешбинигардида танҳо ба хотири расидан ба ҳадафи асосӣ – риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ дар ҷомеа равона гардиданд.

Апрель 27, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд