Омӯзиши усулҳои пайдо намудани радиатсия

Апрель 23, 2012 16:32

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 23 апрел дар шаҳри Душанбе машғулияти панҷрӯзаи минтақавӣ барои 36 нафар кормандони хадамоти гумрукӣ ва сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон аз рӯи усулҳои пайдо намудани манбаъҳои радиоактивӣ дар сарҳад ба кораш оғоз намуд.Ин тадбир бо ибтикори Агентии оид ба амнияти ядроию радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Агентии байналмилалии оид ба энергияи атом сурат мегирад. Дар маросими оғози машғулияти минтақавӣ директори Агентии оид ба амнияти ядроию радиатсионии академияи илмҳои ҶТ Ӯлмас Мирсаидов, коршиноси бахши амнияти ядроии Агентии байналмилалии оид ба энергетикаи атомӣ Дорел Попеску, ҳамчунин коршиносон ва намояндагони хадамоти гумрукию сарҳадии Ӯзбекистон, Украина ва Молдова иштирок намуданд.

Апрель 23, 2012 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд