Омодагӣ ба «Атласи тоҷик»

Апрель 26, 2012 16:40

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар бораи озмуни вилоятии “Атлас-2012” ба тасвиб расид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баргузории озмун нимаи дуюми моҳи июни соли равон дар назар аст.Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон- ташкилоту муассисаҳои дӯзандагӣ, тарроҳон новобаста аз синну сол иштирок хоҳанд кард. Озмун дар намуди либоси кӯдакона, рӯзмарра, идона ва қадимӣ доир мегардад.Дар вақти баҳодиҳӣ сифати маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ ва дизайни либос, нотакрории он, тобиш ва обуранг, интихоби ашёи ороишӣ ва пардоз ба назар гирифта мешавад.Ҳадафи асосии чорабинӣ эҳёи ҳунарҳои бадеию халқӣ, ҷалби иштирокчиён ба коркард ва тайёр намудани маҳсулоти дӯзандагӣ аз матои атлас-матои хоси фарҳанги миллии аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад, ки санҷишҳои замону мӯдро паси сар кардааст.

Апрель 26, 2012 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд