Омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2012-1013
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вобаста ба масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013 машварати корӣ доир гардид.Дар машварат таъкид шуд, ки айни замон барои мӯътадил ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013 лоиҳаи Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи саривақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013» омода гардида, ба баррасии ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.Оид ба омодагӣ ва тадбирҳои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013 роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳисобот доданд.Оқил Оқилов изҳор дошт, ки аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими тайёрӣ ва гузаронидани ин давра ин омода намудан ва аз таъмир баровардани иншооти энергетикӣ, афзун кардани истихроҷи ангиштсанг ва нуқтаҳои фӯруши он, ҳамчунин гази моеъ, ҷамъоварии беталаф ва захираи кофии маҳсулоти кишоварзию хӯроки чорво мебошанд, ки мувофиқ ба нақшаи чорабиниҳо ва мӯҳлати муайянгардида бояд ба анҷом расонида шаванд.Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор гардиданд, ки вобаста ба тадбирҳои номбаршуда, аз ҷумла барои таъмини бемайлони аҳолии мамлакат бо барқу гармӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012 – 2013, афзун намудани шумораи нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангиштсанг, таъмиру барқарорсозии дастгоҳу таҷҳизоти системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва омода намудани воситаҳои техникии роҳу роҳсозии мамлакат аз имконоту воситаҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, чораҳои бетаъхир андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






