Омодагиҳо ва оғози фаъолият дар корхонаҳои нав
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо дастгирӣ ва мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби ҶДММ «Суғд семент» сохтмон ва насби таҷҳизоти навбати аввали заводи истеҳсоли семент (бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент) давом дорад. Корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, рафти иҷрои насби таҷҳизот 90 %-ро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корхона 2 мутахассиси чинойӣ ва 110 нафар коргари маҳаллӣ дар ду баст ба корҳои насбу озмоиш ва компютеркунии таҷҳизот машғуланд. Дар корхона 152 ҷойи нави корӣ ташкил дода мешавад.Дар семоҳаи аввали соли 2012 дар соҳаи маводи сохтмон як корхонаи хурди хиштбарорӣ – ҶММ «Қувватулло» дар ноҳияи Ҷ.Расулов ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин давра корхона 240 ҳазор дона хишт ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ истеҳсол намуд. ҶММ «Тоҷикистон»-и ноҳияи Варзоб корҳои таҷрибавиро оғоз карда, 250 тонна семент истеҳсол кард. Ифтитоҳи корхона охири моҳи июн дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






