Пӯлод Қодиров соҳиби вазифа шуд
Душанбе, 13 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Собиқ сармураббии дастаи мунтахбаи футболи ҷумҳурӣ Пӯлод Қодиров директори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ доир ба футбол таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Қосим Қурбоновро иваз кард. Пӯлод Қодиров соли 2006 дастаи наврасони Тоҷикистонро ба гирифтани медалҳои биринҷии чемпионати Осиё, ки дар Сингапур гузаштааст, сарфароз гардонид. Соли 2007 таҳти роҳбарии ӯ наврасони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон ширкат карда, то бозиҳои 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Аз соли 2008 –ум вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба дӯш гирифт ва даста зери роҳбарии ӯ барандаи мақоми дуввум дар ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё ва соли 2010 сазовори ҷои сеюм шуд. Моҳи августи соли гузашта барои ҳунарнамоии ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаб аз вазифа сабукдӯш шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






