Парлумон қонуни навро баррасӣ кард
Душанбе, 2 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» 2 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Амир Катаев, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки он бо мақсади таъмини амният ва бехатарӣ, фаъолияти устувор, инчунин ҳимояи манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат дар маҷмӯи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб таҳия ва пешниҳод гардидааст. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонун барои татбиқи талабот ва вазифаҳо ҷиҳати таъмини амнияти нақлиётӣ, татбиқ намудани маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар маҷмӯи нақлиёт барои фаъолияти устувори шабакаи нақлиёти кишвар мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






