Парлумон Ёддошти тафоҳумро ба тасвиб расонд
Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид. Амирхон Сафаров , муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни ташреҳи санади мазкур гуфт, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар бораи шартҳои будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли 2011 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Австрия дар шаҳри Вена ба имзо расида, шартҳои будубоши дафтари САҲА-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА ба фаъолият шурӯъ намуда, дар асоси санади хотимавии Хелсинки дорои иммунитет ва имтиёзҳои муайян аст. Санади мазкур аз 20 модда иборат буда, бо мақсади қонеъ гардонидани будубоши дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008 ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти САҲА ба имзо расида, тибқи он Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст, ки шароити мусоидро барои фаъолияти дафтари САҲА дар Душанбе фароҳам оварад ва амнияти биноҳои дафтари САҲА-ро аз ҳар гуна ҳуҷум таъмин намояд. Мавриди зикр аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ 2 феврали соли 1992 ба узвияти САҲА пазируфта шуда, соли 1994 дафтари САҲА дар Душанбе ифтитоҳ гардид. Дар зарфи фаъолияти дафтари САҲА дар Душанбе ин ниҳоди байналмилалӣ барномаҳои зиёде дар бахши рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ислоҳоти низоми судӣ, низоми интихоботӣ ва омӯзиши кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба сифати кӯмак амалӣ намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






