Пешгирии бемории кирми рӯда
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар асоси фармони Вазорати Тандурустии ҶТ «Барномаи миллӣ баҳри пешгирӣ кардани бемории «Гелминтоз» (кирми рӯда) барои солҳои 2011 – 2015» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Барнома дар ду давра амалӣ мегардад. Сафаралӣ Назаров, сардухтури маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мӯъминобод дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки даври якум аз 16 – ум то 28 апрел ва даври дуюм аз 17 то 28 сентябр гузаронида хоҳад шуд. Ба гуфтаи манбаъ, кӯдакони аз синни 1 то 6 сола, мактаббачагони аз синфи 1 то 11. занҳои қобили таваллуд аз синни 15 то 49 сола бо дорувории зидди ин беморӣ ройгон таъмин мегарданд. Мақсади барнома нест кардани кирми рӯда аз организми инсон ва сари вақт пешгирӣ кардани он мебошад, чунки 60 фоизи аҳолии кишвар мувофиқи тадқиқоти тиббии ҷумҳурӣ гирифтори ин беморианд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






