Поёни ҷашнвораи «Чодари хаёл»
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл», ки 11 апрел дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, бегоҳии 17 апрел ба поён расид. Дирӯз соати 17.00 дар Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии фестивал барпо гашт. Дар маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ суханронӣ намуд ва ба директорони театрҳои иштирокчии фестивал дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд. Ҷашнвораи байналмилалӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо барномаву намоишномаҳои махсус ширкат варзиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






