Президенти ФФТ дар конгресси ФИФА иштирок мекунад
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар Конгресси Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, иштирок менамояд. Тавре дар Федлератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 24 – 25 май дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт Конгресси ФИФА баргузор мегардад, ки дар он намояндагони 208 федератсияи миллии аъзои Федератсияи байналмилалии футбол иштирок мекунанд. Конгресси ФИФА калонтарин мақомоти қонунгузории ташкилот буда, соле як маротиба иҷлосия доир менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






