Р. Солиев бо сармуҳаррири «Евронюс» вохӯрд
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо сармуҳаррири яке аз ширкатҳои бонуфузтарини дунё- «Евронюс» Питер Барабас мулоқот намуд.Дар оғози мулоқот Сафири Тоҷикистон миннатдории худро барои ҳамкории муфид роҷеъ ба ташкили сафари хабарнигорони «Евронюс» таҳти роҳбарии Комер Бобак аз 19-ум то 26-уми марти соли равон ба Тоҷикистон бо мақсади мусоҳиба намудан бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва омоданамоии як қатор гузоришҳо бахшида ба ҷашнгирии иди Наврӯз дар Тоҷикистон (21-уми марти соли ҷорӣ) ва рӯзи байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе (25-уми марти соли равон) ва тавассути ин гузоришҳо муаррифии Тоҷикистон дар арсаи Аврупо ва тамоми дунё изҳор намуд.Дар навбати худ Питер Барабас аз номи худ миннатдории роҳбарияти «Евронюс»-ро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои омода намудани шароити мусоиди корӣ ва пурмаҳсул гузарондани ин сафари хабарнигорон баён кард. Ӯ қайд кард, ки гузоришҳои таҳиянамудаи хабарнигорони «Евронюс» дар ташаккули афкори мусбати Аврупо ва тамоми дунё нисбат ба Тоҷикистон саҳми босазо хоҳад гузошт. Дар давоми сӯҳбат ҷонибҳо самтҳои асосии дурнамои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва яке аз ширкатҳои бузурги телевизионии дунё- «Евронюс»-ро роҷеъ ба муаррифии имконоти иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






