«Раҳбари наҷот»-и Фитрат

Апрель 10, 2012 11:49

Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Нашриёти «Шуҷоиён» китоби Ҳоҷӣ Абдурауфи Фитрати Бухороиро бо номи «Раҳбари наҷот» бо теъдоди 500 нусха нашр намуд.Китоб бо кӯшиши устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишманди асил Абдулҳай Маҳмадаминов барои табъу нашр омода гардидааст. Устод А.Маҳмадаминов бо сарсухани пурмӯҳтаво, таҳия, танзим, тавзеҳ, шарҳи луғат ва баёни феҳрастҳо китобро хонданибоб намудааст. «Роҳбари наҷот»- китоби пурҳикмати ахлоқиест, ки ба садҳо суоли зиндагии ҳаррӯза ҷавоби саҳеҳу рӯшан дода, мушкилоти ҳаёти мардумро осон мегардонад.Мутолиаи ин китоби пурбаҳо касро ба кӯи мурод мерасонад, накӯкору шарафманд месозад, ӯро саодатманд мегардонад, дар вай ҳисси амиқи худшиносиву худогоҳӣ, халқпарварию ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро мепарварад. Китоб аз он ҷиҳат арзиши баланд дорад, ки аз ибтидо то интиҳо бо пурарзиштарин ганҷинаи ҷаҳонӣ ва зару зевари инсонӣ — оёти Қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ороста ва пероста шудааст.Китоби тозанашри «Раҳбари наҷот» матни илмии интиқодӣ буда, чун дастури таълимӣ низ хизмат хоҳад кард.

Апрель 10, 2012 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад