Раул ба «Ал-Аҳли» мегузарад

Апрель 20, 2012 14:43

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари клуби футболи «Шалке»-и Олмон Раул Гонсалес минбаъд дар дастаи «Ал-Аҳли»-и Қатар ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ин бозингари 34-сола бо дастаи нави худ шартномаашро ба мӯҳлати 4 сол ба имзо расонд. Барои харидани ин бозингар як қатор дастаҳо, чун «Сиэтл Саундерс»-и Амрико, «Анҷи»-и Мағочқалъа ва «Ал-Аҳли» мубориза бурданд, вале Раул дастаи «Ал-Аҳли»-ро мақбул шуморид. Баъди анҷоми бозиҳо дар мавсими равони мусобиқаҳои футболи Олмон Раул ба клуби тозаинтихобаш мегузарад. Боиси тазаккур аст, ки Раул соли 2010 аз дастаи «Реал» ба «Шалке» гузашта, 98 бозӣ гузаронидааст ва ба дарвозаи ҳарифон 39 гол задааст. Дар ҳайати «Реал» се маротиба соҳиби ҷоми чемпионҳои Аврупо шудааст(соҳои 1998, 2000 ва 2002). Ӯ рекордсмени Лигаи чемпионҳо дар голзанист (71).

Апрель 20, 2012 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад