Раул ба «Ал-Аҳли» мегузарад
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари клуби футболи «Шалке»-и Олмон Раул Гонсалес минбаъд дар дастаи «Ал-Аҳли»-и Қатар ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ин бозингари 34-сола бо дастаи нави худ шартномаашро ба мӯҳлати 4 сол ба имзо расонд. Барои харидани ин бозингар як қатор дастаҳо, чун «Сиэтл Саундерс»-и Амрико, «Анҷи»-и Мағочқалъа ва «Ал-Аҳли» мубориза бурданд, вале Раул дастаи «Ал-Аҳли»-ро мақбул шуморид. Баъди анҷоми бозиҳо дар мавсими равони мусобиқаҳои футболи Олмон Раул ба клуби тозаинтихобаш мегузарад. Боиси тазаккур аст, ки Раул соли 2010 аз дастаи «Реал» ба «Шалке» гузашта, 98 бозӣ гузаронидааст ва ба дарвозаи ҳарифон 39 гол задааст. Дар ҳайати «Реал» се маротиба соҳиби ҷоми чемпионҳои Аврупо шудааст(соҳои 1998, 2000 ва 2002). Ӯ рекордсмени Лигаи чемпионҳо дар голзанист (71).








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






