Роҳхати Ҷаҳон Қурбонов ба Олимпиадаи 2012
Душанбе, 12 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар мусобиқаи интихобии олимпии боксчиёни Осиё, ки дар шахри Остона идома дорад, боз як муштзани тоҷик соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон гардид. Дар вазни то 81 кг Ҷаҳон Қурбонов муштзани қирғиз Сергей Скляровро бо натиҷаи 12:7 мағлуб кард.Собирҷон Назаров(75кг) дар рақобати ниманиҳоӣ аз Аббос Атоеви ӯзбекистонӣ бо имтиёзи 13 бар 2 мағлуб шуд. Ситораи бокси наврасони Осиё дар соли 2011 Асрор Воҳидов(49кг) дар вохӯрӣ бо боксчии Ҷопон Иҷоя Наоя ба комёбӣ муваффақ нагардид(16:21). Ҷаҳон Қурбонов имрӯз дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Ҳиндустон Сумит Сангван вориди набард мешавад








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






