Роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа баста шуд
Қӯрғонтеппа, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Бар асари боришоти сахт ва омадани сел 11 апрел роҳи мошингарди Душанабе — Қӯрғонтеппа баста шуд. Тавре аз ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бар асари боришоту сел кӯчаи марказии шаҳраки Обикиик зери об монд. Қувваҳои ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешиданд. Алҳол ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ барқарор шудааст. Аз ин пеш, 10 апрел, бар асари сел манзилу киштзорҳои ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон зарар диданд. Ҳоло дар ноҳияҳои номбурда комиссияҳои махсус барои муайян намудани ҳаҷми зарари офати табий кор мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






