Роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа баста шуд

Апрель 12, 2012 16:24

Қӯрғонтеппа, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Бар асари боришоти сахт ва омадани сел 11 апрел роҳи мошингарди Душанабе — Қӯрғонтеппа баста шуд. Тавре аз ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бар асари боришоту сел кӯчаи марказии шаҳраки Обикиик зери об монд. Қувваҳои ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешиданд. Алҳол ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ барқарор шудааст. Аз ин пеш, 10 апрел, бар асари сел манзилу киштзорҳои ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон зарар диданд. Ҳоло дар ноҳияҳои номбурда комиссияҳои махсус барои муайян намудани ҳаҷми зарари офати табий кор мекунанд.

Апрель 12, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид