Рушди боғдорӣ дар Нуробод
Нуробод, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ноҳияи Нуробод корҳои баҳорӣ бо суръати дучанд идома дошта, деҳқонон ба тоза намудани ҷӯю корезҳо ва нарм кардани бехи ниҳолҳои тут машғуланд. Соли равон кишоварзони ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия назди худ мақсад гузоштанд, ки дар майдони 15 гектар боғҳои нави замонавӣ бунёд намоянд. Хоҷагиҳои ноҳия то ин дам 10,5 гектар боғи нав бунёд намуда, 5 гектар боғи кӯхнаро барқарор карданд. Рафти кабудизоркунӣ ва бунёди боғҳои нав дар ҷамоатҳои Хумдон, Муҷихарф, Самсолиқ ва Ҳакимӣ назаррас аст-, гуфт зимни сӯҳбат раиси раёсати кишоварзии ноҳия А.Қандов.Маъракаи кабудизоркунӣ ва бунёди боғҳои нав дар ноҳияи Нуробод идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






