Рушди боғу токпарварӣ
Суғд, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ машварати амалии боғу токпарвариро дар ноҳияи Конибодом доир намуданд.Дар машварат мутахассисони соҳа, хоҷагидорон ва боғу токпарварони ноҳияҳои вилоят иштирок намуда ва самтҳои асосии рушду инкишофи боғу токпарвариро мавриди назар ва омӯзиш қарор доданд.Дар хоҷагиҳои ноҳия иштирокдорони машварат бо тарзу усулҳои ҷолиби бунёд ва парвариши боғ, кори муштараки мутахассисону олимони соҳа, бо тарзи усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасони дарахтони мева шинос ва бо табодули нуқтаву назар бобати боғдорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар бархурдор шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






