Русия вуруди маҳсулоти растаниро манъ намуд
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре Агентии иттилооти иқтисодии «ПРАЙМ» хабар медиҳад, Раёсати назорати маҳсулоти кишоварзии Русия аз 16 апрел аз ҷониби мусофирони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон дар бори дастӣ ва бағоҷ ба Русия овардани маҳсулоти растаниро муваққатан манъ кардааст. Сабаби ин амал такрор шудани ҳодисаҳои дар бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони кишварҳои зикршуда ҳашароти гуногуни барои Русия зараровар ошкор гардидааст.Қобили зикр аст, ки Раёсати назорати маҳсулоти кишоварзии Русия ҳанӯз моҳи марти соли равон огоҳ карда буд, ки имконияти манъи дар бори дастии мусофирони ин се кишвар овардани маҳсулоти растанӣ мавҷуд аст.Аз Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия асосан зардолу, олу, гелос, олуболу, себ, меваи хушк, чормағз ва сабзавот бурда мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






