Сӯзонидани маводи доруворӣ

Апрель 5, 2012 16:42

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти дорусозӣ дар бахши маводи доруворӣ дар ҷумҳурӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 309 адад рухсатномаи якдафъагӣ дода шудааст. Дар се моҳи соли 2012 барои фурӯши маводи ороишии гигиенӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 113 рухсатномаи якдафъагӣ дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ба хадамот барои аз қайди давлатӣ гузаронидани маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, изофағизоҳо ва маводи косметикӣ пешниҳод карда шуд, ки ба 226 номгӯйи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ супорад., Аз ин миқдор 192 шаҳодатномаи сабти давлатӣ марбут ба иловагиҳои биологӣ ва воситаҳои гомеопатӣ буд.Дар ин давра аз тарафи шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти дорусозии Хадамот 5714 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббии мӯҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифат сӯзонида шуд.

Апрель 5, 2012 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад