С.Девонаев – раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ХМ
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 апрел дар ҷараёни иҷлосияи якуми Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷират сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев раиси он интихоб гардид. Роҳбари бунёди «Перспектива плюс» Ойниҳол Бобоназарова муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ таъин шуд. Тавре дар маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони вазорату идораҳои ҶТ, ташкилотҳои ҳукуматию ғайриҳукуматии байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқоти илмӣ, ходимони намоёни ҷамъиятӣ, олимон, коршиносони Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҶТ ва ФР барои муҳокимаи мавзӯъҳои муҳими бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ҷамъ омада буданд.Иштирокдорони ҷаласа доираи васеи масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор дода, як қатор пешниҳодҳои мушаххас ва дурнамои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2012 – ро ироа намуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






