Сабабҳои худкушӣ дар чист?
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агентии омори назди Президенти ҶТ дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2012 тавассути маҷаллаи ҳармоҳаи худ ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғдро бар асоси маълумоти Раёсати корҳои дохилии ин вилоят нишон додааст. Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ- марти соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 67 ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ қайд шудааст, ки 42 нафарашонро мардон ва 25 нафарашонро занон ташкил додаанд. Миёни ин ашхос 9 нафар ноболиғ, аз ҷумла 5 нафар писар ва 4 нафар духтар низ ба қайд гирифта шудааст.Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят 9-уми апрели соли ҷорӣ толибаи синфи 9-ум дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 11-уми апрел хонандаи синфи 11-уми мактаб-литсеи шаҳри Исфара худро дор кашидаанд. Сабабҳои доркашии хонандагонро прокуратураи маҳаллӣ таҳқиқ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






