Сафарбарии варзишгарон ба чемпионати Осиё
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби заврақронӣ мусобиқаи ҷавонони заврақрони солҳои таваллудашон 1990-1995-ро ба муносибати 20-солигии Иҷлосияи таърихии XVI–уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд. Ҳайати даста аз 10 варзишгар, мураббӣ ва довари дараҷаи 1-ум иборат аст. Ҳамчунин аз 22 то 30 апрели соли 2012 бо мақсади тарғиби вазнбардорӣ аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Сангов, Хуршед Тӯраев ва мураббӣ Бобохон Сангов барои иштирок дар чемпионати Осиё ба шаҳри Пиеонгтаеки Ҷумҳурии Куриё сафарбар мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мутахассиси идораи иттилоотӣ ва таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Саломат Шарипова иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






