Сафири Британия: «ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳем»

Апрель 26, 2012 15:17

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит эътимоднома қабул намуд.Пас аз мулоқот бо Президенти кишвар сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд-Смит андешаҳояшро ба хабарнигорон иброз дошта гуфт: «Мо мулоқоти бисёр пурмӯҳтавою созандаро бо мӯҳтарам ҷаноби Президент анҷом додем, ки зимни он тамоми самтҳову заминаҳои ҳамкорӣ ва робитаҳои байни ду кишварро мавриди муҳокимаи амиқ қарор додем». «Ман як нуктаро гуфтан мехоҳам: ҳамчун сафир хеле хушнуд аз он ҳастам, ки бори дигар дар Тоҷикистон қарор дорам ва ба ин вазифа таъин гаштам, зеро соли 2008 ва соли 2009 ҳамчун узви як ҳайати шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Тоҷикистон сафар намуда будам». Мавсуф афзуд: мо сатҳи ҳамкориву равобити гуногунарсаи имрӯзаи байни ду кишварро баланд арзёбӣ менамоем ва яке аз вазифаю рисолати асосии ман дар солҳои оянда ҳамчун сафири фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон маҳз кӯшиш намудан ҷиҳати таҳким ва тақвияти равобити гуногунарса ва ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.Вай зикр намуд, ки дар баробари ин дар Лондон имсол Бозиҳои олимпӣ ва поролимпӣ баргузор мегарданд, ки то оғози маросими ифтитоҳи расмии ин бозиҳо дар Лондон 94 рӯз боқӣ мондааст. «Зимни мулоқот мӯҳтарам Ҷаноби Президент ба мо иттилоъ доданд, ки дар қисмати ифтитоҳи расмии ин чорабинӣ ширкат хоҳанд кард ва мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳошияи сафари аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҷонибҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем»,-иброз дошт Р. Ҷ. Орд-Смит.«Мо аллакай дар якчанд соҳаҳо ҳамкориҳои худро ба роҳ монданӣ ҳастем, ки ин соҳаҳо ва самтҳо мавриди эҳтироми тарафайн қарор доранд. Махсусан дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ. Дар тӯли адои вазифаи худ талош бар он мекунам, ки ҷалби таваҷҷӯҳи ширкатҳои Британияро ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Тоҷикистон аз сатҳи имрӯзаи он баландтар бардорем. Ба ақидаи ман, имрӯз рушд додани бахши иқтисодӣ яке аз соҳаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи мо хоҳад буд. Дар ин росто хеле муҳим аст, ки ширкатҳо ва ниҳодҳои дигари соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ аз имконот ва иқтидори Тоҷикистон воқиф бошанд ва вазифаи ман низ ба таври воқеӣ огоҳ сохтан аз имконоту иқтидори имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Инчунин мо бояд дар заминаи ҳуқуқӣ ин равобитро таҳким бахшем ва мо бори дигар омода ҳастем, ки дар ин самтҳо ҳамкории ҳамаҷониба дошта бошем», — тазаккур дод сафир.Дар охир ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон бо медалҳои тилло бармегарданд.

Апрель 26, 2012 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад