«Салом, регби» дар Тоҷикистон
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 13 апрел дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми мустанади эронии «Салом, регби» баргузор мегардад. Тавре дар Маркази фарҳанги «Бохтар» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, филми мазкур дар ҳузури коргардони он Фаромарз Биҳиштӣ сурат мегирад. Соли 2011 Фаромарз Биҳиштӣ барои офаридани филми «Салом, регби» сарфарози мукофоти фестивали синамои бахши варзиш гардида буд.Филм аз фаъолияти 24 нафар занони Эрон, ки мақоми дар Ҷумҳурии Исломии Эрон паҳн намудани регбиро ба ӯҳда гирифта, тайи ду сол ҳазорҳо нафар духтарони кишваро ба ин намуди варзиш ҷалб карда тавонистаанд, ҳикоят мекунад. Мувофиқи суханони манбаъ, коргардони филми мазкур ин ибтикоротро дар Тоҷикистон ҳам роҳандозӣ карданист.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






