Сармоягузорӣ барои эҳёи соҳаи тамоку
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи сафари намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андози Тоҷикистон муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба қарибӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон боздид намуд. Мувофиқи хабари Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, мақсад аз ин боздид шиносоӣ бо фаъолияти Ширкати «Ҷапан Тобакко Интернейшнл» буд. Ширкати мазкур ният дорад, ки барои рушди соҳаи тамокуи Тоҷикистон, аз ҷумла барои истеҳсоли тамоку ва маснуоти он сармоягузорӣ намояд. Дар ҷараёни сафар корхонаи шаҳри Алмаато, ки таҷҳизоти муосирро истифода мебарад, аз назар гузаронида шуд. Зимни мулоқот бо роҳбарияти ширкат масъалаҳои муҳим роҷеъ ба бозори тамокуи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Мувофиқи суханони манбаъ, вақтҳои наздиктарин роҳбарияти Ширкати «Ҷапан Тобакко Интернейшнл» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карданист.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






