Сармураббии клуби «Истиқлол» интихоб шуд
Душанбе, 2 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ба иттилои сомонаи клуби футболи «Истиқлол» ба вазифаи сармураббии нави даста мутахассиси серб Никола Кавазович пазируфта шуд. Шартнома дар ин маврид рӯзҳои наздик ба тасвиб хоҳад расид. Никола Кавазович 37 сола буда, дар шахри Белград ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ дар дастаҳои «Уйпешт» ва «Чепел»-и Маҷористон, инчунин дар клуби футболи «Железничар»-и Сербия бозӣ кардааст. Дар оғоз ба ҳайси мураббии кӯдакону наврасон дар дастаи «Баск» кор карда, солҳои 2005-2007 ба дастаи «Борча» гузаштааст. Ӯ ёвари мураббии шинохтаи серб Драгослав Степанович буда, баъди комёб шудан ба литсензияи «А» дастаи «Романия»-и Боснияро машқ дод ва сипас ба дастаи «Бул Бул»-и Сербия гузаштааст. Ҷои охирини кори ӯ дастаи «Ресник» маҳсуб мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






