Сатҳи таваррум 1,2 фоизро ташкил дод
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 1,2 фоизро ташкил дод.Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, моҳҳои январ — марти соли равон афзоиши таваррум баробари 4,5 фоиз буд. Дар давраи гузашта индекси нархҳои истеъмолӣ, аз ҷумла нархҳои амволи ғизоӣ 99,3 фоиз, баландшавии нархи амволи ғайриғизоӣ 101,7 фоиз ва хидматрасонии пулакии аҳолӣ 108,6 фоизро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар назар аст, ки соли 2012 таваррум дар сатҳи 10,5 фоиз нигоҳ дошта шавад. Бунёди байналмилалии асъор соли 2012 таваррум дар Тоҷикистонро баробари то 8 фоиз дар назар дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






