Семинари коршиносон дар Тифлис
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳошияи барномаи PEMPAL дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис семинар дар мавзӯи «Хидматрасонии маблағгузории хориҷӣ дар бахши хазинадорӣ» баргузор гардид. Коршиносони бахши молияи 10 кишвари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ислоҳоти бахши идораи маблағҳои давлатӣ ва маблағгузории хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.Тоҷикистонро дар семинари мазкур муовини аввали директори Сарраёсати хазинаи марказӣ Р.Ҳакимов ва сармутахассиси Сарраёсати хазинаи марказӣ И.Муродов намояндагӣ намуданд.Тавре дар маркази матбуоти Вазорати молияи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони семинар бо ислоҳоти идораи маблағҳои давлатии Гурҷистон, ки аз ҷониби Хадамоти хазинаи давлатӣ дар амал татбиқ мешавад, шинос шуданд.Иштирокдорони семинар аз минтақаи терминали гумруки Вазорати молияи Гурҷистон дидан намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






