Сергей Лавров – доктори фахрии ДСРТ
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо қарори Шӯрои илмӣ ва мутобиқи Низомномаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо унвони «Доктори фахрии ДСРТ» сарфароз гардид. Дипломро ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомов супурд. Ректори ДСРТ дар ҷараёни ин маросим зикр намуд, ки Сергей Лавров яке аз сиёсатмадорони хирадманд буда ва хидматҳои ӯ дар рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия бузурганд. «Русия бо ташкили Донишгоҳи славянӣ шарики стратегии Тоҷикистон буданашро бори дигар намоиш дод. Худи мавҷудияти ин донишгоҳи олӣ намунаи шоёни таҳсини ҳамкории гуманитарии байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», — гуфт Муҳаммадюсуф Имомов.Баъди маросими расмӣ Сергей Лавров ба саволҳои сершумори донишҷӯёну омӯзгорон посух дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






