Шаҳрдорӣ асалпарваронро муттаҳид намуд
Бино ба гуфти муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов, шаҳрдорӣ соли ҷорӣ тавассути баргузории як семинари асалпарварон ҳамаи онҳоро ба як фирма муттаҳид намуд.Ба гуфти Ф. Қурбонов, соҳаи асалпарварӣ сол то сол дар минтақаи Кӯлоб рушд мекунад. Бо мақсади то соли 2016 амалӣ намудани барномаи занбӯриасалпарварӣ шаҳрдорӣ зарур шуморид, ки ҳамаи асалпарварони ноҳияи Кӯлобро дар як ширкат муттаҳид созад.Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар ноҳияи Кӯлоб наздик ба се ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Соли 2011 дар ноҳия 37 тонна асали тоза ба даст оварда шуд.Тибқи барномаи рушди соҳаи мазкур то соли 2016 шумораи оилаи занбӯри асал ба 55 ҳазор расонида хоҳад шуд.Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мутахассис асалпарвар ба штати корӣ дохил карда мешавад, ки он рушди соҳаро зери назорат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






