Шаҳрдор ба сардори СҲФМГ мӯҳлат дод
Душанбе, 24 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Пешгирии оқибатҳои боришоти зиёд ва сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини шаҳр ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузари пойтахт дар ҷаласа таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истиқоматияшон осебпазир баррасӣ шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи боздидҳояш аз ҳудудҳои селзада ва осебпазири шаҳр, бахусус маҳаллаи Лучоб фаъолияти анҷомдодаи сохторҳо ва соҳибмулконро ғайриқаноатбахш шуморида, дар мавриди ислоҳи вазъ ва сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Раиси шаҳр фаъолияти сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Кенҷаевро нокифоя шуморида, ба ӯ барои тақвияти фаъолияташ то нимсолаи аввали соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ҳамзамон ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои хавфноки ба сел, обхезӣ, тарқиши замин ва фаромадани ярч гирифторшавияшон аз эҳтимол дур набуда сукунат доранд, зикр намуд, ки дар мӯҳлати ду соли оянда оилаҳои ин манотиқ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






