Шабакаи ТоҷВСС — макон баҳри ҳамкориҳо

Апрель 24, 2012 16:46

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ҷаласаи 12-уми шабакаи ташкилотҳои ҳамкор доир ба устувории таъмини об ва беҳдоштӣ 26 апрели соли 2012, соати 13.00 дар толори конфронсии меҳмонхонаи Тоҷикистон баргузор мегардад.Иштироки фаъоли мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байнахалқӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷаласаҳои шабакаи ТоҷВСС аз пурмазмуну зарурӣ будани мавзӯъҳои ҷаласаҳои шабака шаҳодат медиҳад. Дар рӯзномаи ҷаласа чанд мавзӯи ҷолиб, аз қабили муаррифии «Рӯзи байналмиллаии Форуми об дар соли 2012» аз ҷониби муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об ворид гардидааст, ки он аъзои шабакаро бо натиҷаҳои кори форум, ки ба роҳҳои ҳалли проблемаи глобалии бахши об нигаронида шудаанд, шинос мекунад.Аз ҷониби муовини сардори Хадамоти назорати санитарию эпидиомологӣ Холмаҳмад Назаров танзим ва таъйини мақсадҳои давлат доир ба таъмини об ва солимӣ ҳамчун як қисми лоиҳаи муштараки Вазорати тандурӯстӣ ва Шоҳигарии Норвегия муаррифӣ мегардад.Лоиҳаи ТоҷВСС иштирокчиёни шабакаро бо корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои ҳамкор доир ба гузаронидани «Рӯзи байналхалқии об дар соли 2012» ва натиҷаҳои мониторинги ахбори миёнамӯҳлати лоиҳа, ки моҳи феврали ҳамин сол гузаронида шуда буд, шинос мекунад. Мавриди зикр аст, ки ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария бо миёнаравии раёсати Швейтсария доир ба Рушд ва Ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад. Раёсати Шветсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ барои ҳамоҳангсозии ҳамаи барномаҳои рушд ва ҳамкорӣ дар Аврупои Шарқӣ , ҳамчунин барои кӯмакҳои башарие,ки Конфедератсияи Швейтсария мерасонад, масъул аст. Лоиҳа аз ҷониби Оксфам амалӣ мегардад. Оксфам якҷоя бо ҳамкоронаш барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ фаъолият мекунад. Ташкилоти Оксфам аъзои шабакаи байналхалқии Оксфам мебошад ва дар Англия таҳти рақами № 612172 ба қайд гирифта шудааст.

Апрель 24, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад