Шартномаҳои ҳамкорӣ
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси барномаи давлати барои боз ҳам мукаммал гардонидани шароити моддии таълимӣ ва дар оянда барои бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун бо як қатор донишгоҳу донишкадаи Федератсияи Русия ва бо беш аз 81 — донишгоҳи Аврупо шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Раёсати донишгоҳи мазкур ҳамчунин бо маркази илмӣ ва фарҳангии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон барои дастрас намудани васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ, инчунин китобҳои нави бадеӣ шартнома бастааст.Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ ба сифати коромӯз ба он ҷо сафар мекунанд. Мувофиқи иттилои масъулин то имрӯз коромӯзони ин донишгоҳ дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Тюмен, Новосибирск ва донишгоҳи лингвистии шаҳри Маскав кору фаъолият карда истодаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






