Шартнома барои 3,5 млн. дона бонка

Апрель 16, 2012 17:16

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корхонаи шишабарории шаҳри Қайроққум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти технологии истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагиро ворид намуд. Дар айни замон хатти технологии истеҳсоли бонкаҳои 1 ва 2 литра пурра насб шуда, то имрўз 10 ҳазор дона бонка ба таври озмоишӣ истеҳсол шудааст. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли бонка аз Ҷумҳурии Мардумии Чин як хумдони дигар харидорӣ шудааст, ки рўзҳои наздик он дар корхона насб карда мешавад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона ифтитоҳи расмии коргоҳ охири моҳи ҷорӣ пешбинӣ шудааст. Дар коргоҳ боз 60 ҷойи корӣ ташкил мешавад. Мавриди зикр аст, ки корхона аллакай бо соҳибкорони ватанӣ барои истеҳсоли 3,5 миллион дона бонка шартнома бастааст, ки баъзеашон қисми маблағи онро пешпардохт кардаанд.

Апрель 16, 2012 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид