Шумораи молҳои сертификатсияшаванда коҳиш дода мешавад
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Қобили рақобат будани иқтисод аз суръати гузаштани корхонаҳои истеҳсолии мо ба стандартҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад», — омадааст дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 20 апрел ироа гардид. Инчунин зикр шудааст, ки бо ин мақсад вазорату идораҳои дахлдор вазифадор мешаванд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ корҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ислоҳоти сохтории он амалӣ намоянд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаришро ба низоми танзими техникии дар арсаи байналмилалӣ қабулшуда анҷом диҳанд. Аз ҷумла, бояд шумораи молҳои ҳатман сертификатсияшаванда аз 7100 номгӯи кунунӣ ба андозаи ду — се баробар кам шуда, ҷорӣ намудани низоми “равзанаи ягона” доир ба расмиёти соддагардонидашудаи воридоту содирот суръат бахшида шавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






