Шумораи молҳои сертификатсияшаванда коҳиш дода мешавад

Апрель 20, 2012 16:58

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Қобили рақобат будани иқтисод аз суръати гузаштани корхонаҳои истеҳсолии мо ба стандартҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад», — омадааст дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 20 апрел ироа гардид.   Инчунин зикр шудааст, ки бо ин мақсад вазорату идораҳои дахлдор вазифадор мешаванд, ки доир ба рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ корҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ислоҳоти сохтории он амалӣ намоянд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаришро ба низоми танзими техникии дар арсаи байналмилалӣ қабулшуда анҷом диҳанд. Аз ҷумла, бояд шумораи молҳои ҳатман сертификатсияшаванда аз 7100 номгӯи кунунӣ ба андозаи ду — се баробар кам шуда, ҷорӣ намудани низоми “равзанаи ягона” доир ба расмиёти соддагардонидашудаи воридоту содирот суръат бахшида шавад.

Апрель 20, 2012 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад