Силсилаи машваратҳо доир ба андози иҷтимоӣ

Апрель 2, 2012 17:27

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади тақвияти корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисор, Рўдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод доир ба масъалаҳои маъмурикунонии андози иҷтимоӣ бо иштироки шумораи зиёди андозсупорандагон машварати корӣ баргузор гардид. Дар машваратҳои корие, ки тайи ду рўзи охир дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти андоз гузаронида шуданд, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур, мутахассисони мақомоти андоз ва доираи васеи андозсупорандагон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинӣ мутахассисон аслан доир ба мушкилоти дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар минтақаҳо ҷойдошта, аз қабили сари вақт ва дуруст пешниҳод накардани эъломияҳои андози иҷтимоӣ, кам нишон додани музди меҳнат ва шумораи кормандони кироя изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд, ки ин омилҳо боиси иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ дар минтақаҳо мегардад. Ҳамзамон зикр шуд, ки дар бисёр ҳолатҳо маблағи андози иҷтимоӣ, ки дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо ҷамъоварӣ мешаванд, барои таъмини эҳтиёҷоти нафақапулии ин шаҳру ноҳияҳо нокифоя мебошанд. Як қатор андозсупорандагон аз нигоҳ доштани ҷойҳои кори холӣ, зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо, ки ба зиёдшавии воридоти андози иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонад, саркашӣ намуда, ҳатто дидаю дониста ба кам кардани шумораи коргарон ва кам ҳисоб кардани музди меҳнат роҳ медиҳанд. Андозсупорандагон дар навбати худ ба масъалаҳои музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ, меъёри андози иҷтимоӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, имтиёзҳои пешбинигардида дар самти андози иҷтимоӣ ва дигар паҳлўҳои андози иҷтимоӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд, дар ин бобат фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Ҳадафи силсилаи машваратҳои доир ба маъмурикунонии андози иҷтимоӣ баргузоршуда иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат доир ба афзоиши музди меҳнати коргарон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пурра ҷамъоварӣ намудани андози иҷтимоӣ, сари вақт пардохт намудани нафақа, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, таъмини нафақа ва дигар кўмакпулиҳои ҳатмӣ буда, инчунин тадбири мазкур барои ба андозсупорандагон фаҳмонидани мафҳум, моҳият ва омилҳои андози иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Апрель 2, 2012 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд